Август 23, 2016 15:12 Asia/Dushanbe
  • Коргарон аз Арабистон бо дасти холӣ ба Ҳинд бозмегарданд

Шуморе аз коргарони ҳиндии машғул ба кор дар Арабистон, ки ба иллати буҳрони иқтисодии ин кишвар ва таътили корхонаҳо, моҳҳо маош дарёфт накардаанд, маҷбуранд бо дасти холӣ ин кишварро тарк кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, ба гуфта мақомоти Ҳинд, бархе аз коргарони ҳиндии машғул ба кор дар Арабистон беш аз шаш моҳ аст, ки маош дарёфт накардаанд.

Давлати Ҳинд бо эъломи гуруснагии беш аз 10 ҳазор нафар коргари ҳиндии бекоршуда дар Арабистони Саудӣ дар моҳи гузашта, дастур тақсими бастаи ғизоӣ ва пайгирӣ барои пардохти маошу дастмузди онҳоро дар дастури кор қарор дод.

Давлат Вай Ки Синг, вазири муштарак дар умури хориҷиро барои пайгирии пардохти ҳуқуқи коргарони ҳиндӣ ва бозгашти онҳо ба кишвар, роҳии Риёз кард, вале бо вуҷуди ваъдаҳои масъулони Арабистон,то кунун корфармоёни саудӣ ҳозир ба пардохти ҳуқуқу маоши коргарон нашудаанд.

Вазири хориҷаи Ҳинд рӯзи сешанбе дар твиттери шахсӣ бо ишора ба муваффақиятомез набудани гуфтугӯ бо Арабистон, аз коргарони ҳиндӣ хост, ки ҳарчӣ зудтар ба кишвар бозгарданд ва мунтазири дарёфти ҳуқуқи худ набошанд. Сушмо Сувороҷ дар идома афзуд, замоне, ки давлати Арабистони Саудӣ бо ширкатҳои варшикастаи ин кишвар ба тавофуқ бирасад, ҳуқуқи коргарон пардохт мешавад.

Вай дар идомаи ин паём навишт; "Давлат ҳозир ба интиқоли Шумо бидуни дарёфти ҳазина аст".