Ҳукми таъқиби додгоҳии 18 мақоми Русия тавассути Украина
(last modified 2016-08-23T13:14:53+00:00 )
Август 23, 2016 18:14 Asia/Dushanbe
  • Ҳукми таъқиби додгоҳии 18 мақоми Русия тавассути Украина

Бо афзоиши танишҳои сиёсӣ ва марзӣ байни Русия ва Украина тайи ду ҳафтаи ахир, Юрий Лушенко, Додситони кулли Украина рӯзи душанбе, 18 мақоми русӣ аз ҷумла генерал Сергей Шойгу, вазири дифои Русияро таҳти пайгарди қазоӣ қарор дод.

Ба гуфтаи Лушенко, вазири дифо ва 17 мақоми дигари Русия ба иттиҳоми иқдом алайҳи амнияти миллии Украина ва иртикоби ҷурмҳои сангин, таҳти пайгарди қонунӣ қарор гирифтаанд. Афзун бар генерал Шойгу, ду муовини вазорати дифо ва 10 генерали аршади Русия ва ҳамчунин Сергей Глазов- мушовири иқтисодии раисиҷумҳури Русия дар феҳристи пайгарди эълом шуда қарор доранд. Ин мақомҳо, ки аз тарафи Украина муттаҳам ҳастанд бар хилофи муқаррароти байналамллӣ, алайҳи амнияти миллии ин кишвар иқдом кардаанд, барои бозҷӯӣ ва адои тавзеҳот даъват карда шудаанд.

Ба назар мерасад, тақобул байни Русия ва Украина вориди марҳалаи ҷадиде шудааст. Пас аз ин ки Русия ҳудуди ду ҳафта қабл эълом кард, дар ҷараёни амалиёт барои ҷилавгирӣ аз нуфузи гурӯҳи харобкор ба дохили Қрим, ду маъмури русӣ дар тирандозии нерӯҳои украинӣ кушта шуданд, равобити тираи ду кишвар беш аз пеш дучори таниш шудааст.

Бавижа ин барои аввалин бор аст, ки Маскав, давлати Украинаро муттаҳам ба эъзоми нерӯҳои харобкор ба Қрим мекунад. Зимни ин ки кушта шудани ду низомии русӣ бар вахомати вазъияти кунунӣ афзудааст.

Акнун давлати Украина бо навъе иқдоми пешдастона, талош карда, то бо муттаҳам кардани шуморе аз мақомоти аршади Русия ба иқдом алайҳи амнияти миллии Украина ва пайгарди қазоии онҳо, дар воқеъ Маскавро дар мавзеъи инфиолӣ қарор диҳад.

Бо ин ҳол чунин иқдоме низ дар навъи худ дар равобити ду кишвар бесобиқа аст. Ин ки чи гуна Додситони Украина барои худ салоҳияти бурунмарзӣ қоил шуда ва ҳукми пайгарди мақомоти давлати дигареро содир мекунад, ҷойи савол аст.

Дар воқеъ давлати Киев барои муқобила бо вокунишҳо ва иқдомоти мутақобили Маскав дар қиболи ҳодисаи ахир, бо истилоҳ тупро ба замини ҳариф андохтааст. Акнун ҷойи шокӣ ва фарди мавриди шикоят иваз шудааст. Бо ин ҳол бояд мунтазири иқдомот ва вокунишҳои ҷиддии Русия монд. Ин масъала ба ҳадде ҷиддӣ аст, ки ғарбиҳо дар бораи вокунишҳои низомии Русия дар қиболи Украина ҳушдор додаанд.

Дар айни ҳол метавон пешбинӣ кард, ки ҳамон гуна, ки қаблан низ давлати Украина эълом карда буд, ки ҳамаи иқдомот барои озодсози Қримро анҷом хоҳад дод, илова бар эҷоди анвоъи тангноҳо барои аҳолии Қрим, талош дар ноамнсозии он низ кунад. Бо ин ҳол паёмадҳои иқдоми ахир, ки ба Украина нисбат дода шуда, бисёр хатарнок аст ва мумкин аст, Русияро водор ба анҷом додани иқдомоте кунад, ки ҳаддиақал токунун ба масобаи хати қирмиз аз ҷониби ду тарафи русӣ ва украинӣ риоят шудааст.  

Ҳар гуна иқдоми низомии Русия алайҳи Украина мусалламан вокуниши  шадиди ғарбиҳоро ба дунбол хоҳад дошт ва боиси афзоиши вогароӣ байни Русия ва Ғарб, ба вижа Иттиҳоди Аврупо хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир чашмандозе барои коҳиши танишҳо байни Русия ва Украина вуҷуд надорад, аз ин рӯ метавон пешбинӣ кард, ки Русия аз анвоъи абзорҳо ва роҳкорҳои худ ба манзури эъмоли фишор бар Украина истифода хоҳа кард, ба вижа аз дидгоҳи русҳо адами вокуниши қотеъ ба иқдоми ахири украиниҳо дар бораи Қрим, мӯҷиби густариши ҳамалот ва иқдомоти харобкорона дар ин минтақа дар оянда хоҳад шуд. Сол 2014 пас аз суқути ҳукумати Виктор Янукович ва рӯйи кор омадани як давлати ғарбгаро дар Украина ва оғози даргирии шибҳи низомён бо нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Украина, ки Русия муттаҳам ба ҳимоят аз онон шуд, Қрим ба Русия пайваст. Ҷудоии Қрим яке аз авомили аслии афзоиши таниш дар равобити Русия бо Украина ва Ғарб шуда, ки вазъи таҳримҳои густурдаи зидди русӣ аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин вокуниши мутақобили Маскавро дар пай доштааст.