Тадоруки ДИИШ барои амалиёти бузург дар Африқо
Январ 18, 2018 16:59 Asia/Dushanbe
Як рӯзномаи алҷазоирӣ аз тадоруки гурӯҳи ДИИШ барои амалиёти бузурги террористӣ дар Африқо, хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА , рӯзномаи “Ал Хабар” навишт, дастикам 400 унсури дииш-ӣ дар Либия, Нигер ва Молӣ дар манотиқи ҳаммарз бо Алҷазоир фаъолият доранд, ки тибқи эъломи дастгоҳҳои амниятӣ, дар ҳафтаҳои оянда қасд дораанд, амалиёти бузурге анҷом диҳанд.
Ин рӯзнома афзуд, ба фармондеҳони ягонҳои низомӣ дар марзҳои Алҷазоир дар хусуси фаъолиятҳои террористӣ дар минтақа, ҳушдор дода шудааст.
Бо шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Ироқ ва Сурия, бими густариши фаъолиятҳои ин гурӯҳ дар дигар манотиқи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои африқоӣ афзоиш ёфтааст.