Январ 19, 2018 18:12 Asia/Dushanbe
  • Кашфи маҳмулаи бузурги маводи мунфаҷираи Толибон дар ҷануби Афғонистон

Нерӯҳои амниятии Афғонистон тайи амалиёте дар вилояти Ҳилманд, ҷануби ин кишвар 500 килограм маводи мунфаҷира аз Толибон кашф карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Садо симо” аз Кобул, пулиси Афғонистон эълом кард, илова бар ин дар амалиёти рӯзи панҷшанбеи нерӯҳои амниятии афғон дар ноҳияи Сангини вилояти Ҳилманд 22 адад бомби дастӣ ҳам кашфу забт шуд. Афроди Толибон қасд доштанд, бо истифода аз ин маводи мунфаҷира ҳамалоти террористӣ дар манотиқи мухталифи вилояти Ҳилманд, ки ағлаби аъзои Толибон ва ДИИШ дар он мустақаранд, анҷом диҳанд.