Январ 19, 2018 18:46 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мизони ҳимояти мардуми Русия аз Владимир Путин

Тозатарин назарсанҷӣ ҳокист, мизони ҳимояти мардуми Русия аз Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар афзоиш ёфтааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, натоиҷи охирин назарсанҷии Маркази санҷиши афкори умуми Русия нишон медиҳад, Владимир Путин 73 дарсади раъйи раъйдиҳандагонро дар интихоботи раёсатҷумҳурии ояндаи Русия ба даст хоҳад овард. Бар асоси ин гузориш, дар ҳоле ки дар охирин рӯзҳои соли 2017 71 дарсади посухдиҳандагон ба назарсанҷиҳо омодаи раъй додан ба Владимир Путин буданд, ин рақам акнун ба 73 дарсад афзоиш ёфтааст. Дар ин назарсанҷӣ пас аз Путин Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия ва Павел Грудинин, номзади Ҳизби коммунисти Русия ба тартиб қарор гирифтаанд ва шаш дарсади посухдиҳандагон гуфтаанд, ки ба ин ду нафар раъй хоҳанд дод.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия 18 марти имсол баргузор хоҳад шуд.