Январ 20, 2018 21:01 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамоиши байналмилалии Имом Муҳаммад Ғазолӣ дар Индонезия

Ҳамоиши байналмилалии Имом Муҳаммад Ғазолӣ бо ҳамкории Донишгоҳи мазоҳиби исломии Эрон ва Бунёди илмӣ- фарҳангии «Амонат»-и Индонезия, рӯзи шанбе дар Ҷакартаи Индонезия баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Муҳаммадҳусайни Мухторӣ, раиси Донишгоҳи мазоҳиби исломии Эрон дар ифтитоҳияи ин ҳамоиш гуфт, Имом Муҳаммад Ғазолӣ гавҳаре бархоста аз маҳди фарҳанг ва тамаддуни Эрон аст, ки таҳаввули шигарфе дар фарҳанги ин диёри куҳан доштааст.

Вай афзуд, Имом Муҳаммад Ғазолӣ аз андакшумор олимони тамаддуни исломӣ аст, ки осор ва тафаккураш марзҳои ҷаҳони Исломро дар навардид ва ҳатто дар мағрибзамин теъдоде аз осораш аз садаҳои миёна ва қабл аз асри ҷадид, мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Имом Муҳаммад Ғазолӣ, файласуф, мутакаллим ва фақеҳи эронӣ аст, ки дар садаи панҷуми ҳиҷрӣ дар шаҳри Тӯси Эрон ба дунё омад.

Аз Ғазолӣ осори мактуби бисёре дар заминаҳои мухталифи илмӣ, каломӣ, фиқҳӣ ва ахлоқӣ ба ҷо мондааст, ки аз муҳиммтарин ва асаргузортарини онҳо, китоби «Таҳофут –ул фалосифа» ва “Эҳё-ул-улумиддин” аст.