Русия ва Қазоқистон, дар масири ҳамкориҳои бештар
https://parstoday.ir/tg/news/world-i28889-Русия_ва_Қазоқистон_дар_масири_ҳамкориҳои_бештар
Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бар афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф таъкид карданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 23, 2018 11:26 Asia/Dushanbe
  • Русия ва Қазоқистон, дар масири ҳамкориҳои бештар

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон ва Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар гуфтугӯи телефонӣ бар афзоиши ҳамкориҳои ду кишвар дар бахшҳои мухталиф таъкид карданд.

Дар ин тамоси телефонӣ, раисони ҷумҳурии ду кишвар ҳамчунин вазъияти феълӣ ва чашмандози ҳамкории Қазоқистону Русия ва низ таомули муштарак дар қолаби Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро баррасӣ карданд .

Тарафайн дар бораи масоили муҳими минтақаӣ ва байналмилалӣ ва низ раёсати давраии Қазоқистон дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид табодули назар карданд .

Дар ин гуфтугӯи телефонӣ, ҳамчунин Нурсултон Назарбоев ҳамтои руси худро аз натоиҷи сафари ҳафтаи гузаштаи (16-18 январ) худ ба Амрико огоҳ кард .

Дар сафари расмии Нурсултон Назарбоев ба Амрико, ду кишвар тавофуқномаҳоеро дар заминаи хариди чанд фарванд ҳавопаймои мусофирбарӣ ва даҳҳо дастгоҳ локомотив ба арзиши 5,5 миллиард доллар имзо карданд .