Январ 23, 2018 19:26 Asia/Dushanbe
  • Сафири Амрико - ҳадафи аслии ҳамла ба меҳмонхонаи “Интерконтинентал”-и Кобул

Сухангӯи гурӯҳи Толибон ҳадаф аз ҳамла ба меҳмонхонаи “Интерконтинентал”-и шаҳри Кобулро сафири Амрико дар Афғонистон эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид рӯзи сешанбе бо эъломи ин хабар муддаӣ шуд, ҳамлаи Толибон ба ин меҳмонхона бо ҳамкории бархе аз кормандони “Интерконтинентал” анҷом гирифт. Ӯ афзуд, пеш аз ин ҳамла таҷҳизоти муҳоҷимон ба дохили меҳмонхона интиқол ёфта буд. Муҷоҳид ҳамчунин тарҳи ин ҳамларо печида хонда, ба далели маҳрамона будани ҷузъиёти он аз ироаи иттилооти бештар худдорӣ кард.

Гуфта мешавад, лаҳазоти қабл аз шурӯи ҳамлаи Толибон Ҷон Р. Басс (John R. Bass), сафири Амрико дар Кобул “Интерконтинентал”-ро тарк карда буд.

Дар ҳамлаи рӯзи якшанбе ба меҳмонхонаи “Интерконтинентал”-и Кобул 15 нафар кушта ва ҳудуди 30 нафар захмӣ шуд. Ин ҳамла дар ҳоле рӯй дод, ки сафорати Амрико дар Афғонистон ҳафтаи гузашта ба шаҳрвандони худ дар Кобул ҳушдор дода буд, аз наздик шудан ба марокизи ҳассос, аз ҷумла меҳмонхонаҳо худдорӣ кунанд.

 

Барчасп