Давос сиёсатмадорони нафратпароканро таҳрим кунад
Изҳороти Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ва ҳамнавоии ӯ бо бархе чеҳраҳои араби минтақа, нишон аз тарроҳиҳои тоза алайҳи Теҳрон дар Иҷлоси имсоли Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод дар шаҳри Давоси Швейтсария дошт.
Ӯ дар ин иҷлос иддаоҳои такрории худ алайҳи Эронро матраҳ карду муддаӣ шуд: “Мо ҷаҳоне мехоҳем, ки орӣ аз терроризму режимҳои ёғӣ бошад. Амнияти ҳамагии мо дар гарави ин аст, ки ҳамаи кишварҳо саҳми худро аз масоили дифоӣ бипардозанд. Мо аз ҳама мехоҳем, ки ҷилави ҳастаӣ шудани Эронро бигиранд”.
Ин изҳорот пас аз он сурат гирифт, ки Одил Алҷабир, вазири хориҷаи Арабистон, бори дигар Теҳронро муттаҳам кард, ки мехоҳад, императории торихии худ дар минтақаро эҳё кунад.
Изҳороте бидуни ҳаргуна санади торихӣ ва мустанадоти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, ки ҳокӣ аз он буд Риёз бори дигар мехоҳад, сенарияи нахнамои эронҳаросиро пеш барад ва дар ин росто бархе давлатҳои ғарбӣ низ бо ин кишвар ҳамсӯ ҳастанд.
Аз ҷумлаи режимҳои ҳамроҳ бо давлати Саудӣ, режим саҳюнистӣ аст, ки ҳамчунон аз Эрон ба унвони ҳомии терроризм ёд мекунад, ҳол онки балои ДИИШ аз сари минтақа танҳо бо ҷонфишониҳои размандагони эронӣ рафъ шуд .
Дар чунин шароите, равшан аст, ки Давос ба ҷои онки маҳалле барои наздикии давлатҳо ва расидан ба созукоре барои иттиҳод барои пешрафтҳои иқтисоди ҷаҳонӣ бошад, табдил ба трибуне шуда то намояндаи давлатҳои ёғӣ, соири давлатҳоро муттаҳам ба ҳимоят аз терроризм карда ва аз ин ҳарба барои машруият бахшидан ба дахолатҳои худ истифода кунанд.
Афкори умумӣ дар ҷаҳон аз Маҷмаи ҷаҳонии Давос интизор дорад, то барои тавсеаи ҷаҳонӣ барномарезӣ кунад.
Бо ин ҳол, иддаоҳои ғайридипломатик ва хасмонаи чанд сиёсатмадори ношӣ, метавонад фурсате бошад, то ҷомеаи маданӣ дар сатҳи ҷаҳон дар бораи маъмуриятҳои Давос таҷдиди назар кунад.
Ба назар мерасад, беҳтарин роҳ ин аст, ки Давос сиёсатмадорони тарвиҷгари кинаву нафраткунандро таҳрим карда ва монеи ҳузури онҳо дар иҷлоси солҳои отӣ шавад .
Шояд агар чунин сиёсате дар пеш гирифта нашавад, ҳамон балое сари Давос биёяд, ки сари бисёре дигар аз иҷлосияҳои ҷаҳонӣ омад.
Иҷлосияҳое фармоишӣ, ки натиҷае ҷуз нафратпароканӣ ва рушди ҷангҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ надорад.
Танҳо роҳи наҷот, ҳифзи истиқлоли чунин нишастҳое аз шарри сиёсатҳои тавсеаталабонаи давлатҳои пурдардисар монанди Амрикост, ки бояд аз сӯи ниҳодҳои мардумӣ дар кишварҳои мухталиф мутолиба шавад .