Январ 28, 2018 14:19 Asia/Dushanbe
  • Эъломи азои умумӣ дар Афғонистон

Арги(Мақарри зиндагӣ ва кори раиси ҷумҳури Афғонистон) раёсатҷумҳурии Афғонистон ба дунболи таркиши даҳшатноки шаҳри Кобул имрӯз якшанберо азои умумӣ эълм кард.

Ба гузориши хабаргузории Ово, Дафтари матбуотии раёсатҷумҳурии Афғонистон имрӯз бо интишори баёнияе эълом кард: Дар рӯзҳои ахир террористҳо бо анҷоми ҳамлаҳои ҷинояткорона дар Кобул ва вилоятҳои Нангарҳор ва Қандаҳор шумори зиёде аз афғонҳоро ба хоку хун кашонданд ва мардуми Афғонистонро дар ғаму мотам фуру бурданд.

Дар пайи таркиш ҳамчунин парчами Афғонистон дар саросари ин кишвар ва намояндагиҳои сиёсӣ дар хориҷ аз Афғонистон ба ҳолати нима афрошта даромадааст.

Бар асари таркиши худрави бомбгузорӣ шуда дар шаҳри Кобул дар зуҳри дирӯз шанбе ҳудуди сад кушта ва дусад нафари дигар захмӣ шуданд.

Бисёре аз мақомот ва шахсиятҳои сиёсӣ ва мазҳабии Афғонистон ин таркиш, ки Толибон масъулияташро ба уҳда гирифтааст маҳкум карданд.