Январ 30, 2018 16:37 Asia/Dushanbe

Дар ҳамоиши байналмилалии “Омӯзиши забони форсӣ ва нақши он дар равобити фарҳангии Эрону ҷаҳони араб” ва роҳкорҳои ин таомул баррасӣ шуд.

Доктор Эҳсони Қабул, узви ҳайати илмии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад ва дабири ин ҳамоиши байналмилалӣ гуфтугӯ ва таомули забониро муҳимтарини роҳ дар табодули фарҳангу тамаддун дониста гуфт: “Мо дар пайи борвар сохтани тамаддуни исломӣ ҳастем, ки дар он хушунату ҷанг ҷое надорад”. Доктор Қабул дар ин ҳамоиш, ки дар Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад баргузор шуд, аз забон ба унвони дарвозаи шинохти миллатҳо ёд карда гуфт, Маркази байналмилалии забони форсӣ бо собиқаи беш аз 45-сола кӯшидааст, то мардуму донишҷӯёни кишварҳои минтақаро бо фарҳанг, одоб, суннат ва адабиёту забони форсӣ ошно кунад ва дастовардҳои фарҳангиро бо онон ба иштирок гузорад.

Доктор Ёсин Шариф Ансиф, сарконсули Ироқ дар Теҳрон низ дар суханоне тасреҳ кард, забонҳои форсию арабӣ аз пуштувона ва асолати дерин бархурдоранд.  Ӯ ин ду забонро, ки қабл аз зуҳури Ислом низ бо якдигар омехта буданд, бистари муҳим барои муаррифии фарҳанги миллатҳо баршумурд. Доктор Ноҷӣ, дигар узви барҷастаи ҳайати илмии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад низ ба пешинаи қавии забони форсӣ ишора карда гуфт, аз дербоз равобити фарҳангӣ-забонӣ байни ҷаҳони араб ва кишварҳои форсизабон, аз ҷумла Тоҷикистон вуҷуд доштааст.

PS. Файли савтӣ суҳбати доктор Ноҷӣ бо хабарнигори “Садои Хуросон”дар робита ба ҳамоиши мазкур аст.