Асноди сиррии Австралия дар як фурӯшгоҳи аҷноси дасти дувум
(last modified Wed, 31 Jan 2018 09:53:55 GMT )
Январ 31, 2018 14:53 Asia/Dushanbe
  • Асноди сиррии Австралия дар як фурӯшгоҳи аҷноси дасти дувум

Садҳо санади сиррӣ ва табақабандишудаи давлати Австралия, ки марбут ба масоили амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии ин кишвар ҳастанд, дар як фурӯшгоҳи аҷноси дасти дувум пайдо шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, шабакаи Эй Би Си-и Австралия тавониста ба асноди сиррие даст ёбад, ки даруни қафасаҳои бойгонӣ буданд ва тавассути давлати пешини Австралия фурӯхта шудаанд.

Баъд аз эъломи шабакаи Эй Би Си, дафтари нахуствазири Австралия имрӯз (чаҳоршанбе) фавран хостори таҳқиқот дар ин бора шуд.

Эй Би Си таъкид кард, ин асноди табақабандишуда ва сиррӣ марбут ба Кумитаи амнияти миллии кобина буданд, ки масъулияти иттилоотӣ, амниятӣ ва дифоиро дар Австралия бар ӯҳда дорад.

Дар ин файлҳо 200 коди сиррӣ ва асноди ҳассос аз соли 2013 вуҷуд дорад ва барномаҳое барои муҳофизати Иморот аз Эрон ва ҳамчунин амалиёти нерӯҳои Австралия дар Афғонистон дар он зикр шудааст.