Ҳушдори Пентагон дар бораи хатари Русия ва Чин барои моҳвораҳои Амрико
Вазорати дифои Амрико (Пентагон) ҳушдор дод, Чин ва Русия ба зудӣ тавонмандии нобуд кардани моҳвораҳои Амрикоро ба даст меоваранд.
Идораи иттилооти Пентагон эълом кардааст, Чин ва Русия дар ҳоли тавсеаи мушакҳо ва ҷангафзорҳои зиддимоҳвораӣ ҳастанд ва ба зудӣ қодир хоҳанд буд моҳвораҳои Амрикоро дар мадори пойини замин нобуд кунанд.
Мақомҳои Пентагон дар ин гузориш эълом кардаанд, Чин ва Русия қодир ба мухтал кардан ё нобуд кардани моҳвораҳои Амрико дар мадори пойини замин то соли 2020 хоҳанд буд.
Стив Ламбакис, коршиноси мушакии собиқи Пентагон низ дар ин бора гуфт, сомонаҳои фазоии Амрико аз шиканандатарин ва осебпазиртарин бахшҳо ҳастанд, ки дар артиш истифода мешавад.
Дар ин гузориш омадааст, Чин ду сомонаи зиддимушакии мутаҳаррикро тавсеа дода ва дар ҳоли тавсеаи ду сомонаи пешрафтатари заминии зиддимоҳвора аст.
Русия низ сомонаи зиддимоҳвораи худро ба суръат тақвият карда то он ҷо ки сомонаи мушакии зиддимоҳвораи худ ба номи “Нудол”- ро дар декабри соли 2016 озмоиш кардааст.
Сомонаҳои мушакии “С -300”, “С-400” ва “С-500”-и Русия низ қодир ба зарба задан ба аҳдофе дар мадори пойини замин ҳастанд.
Воҳиди илмии Пентагон низ дар гузориши моҳи марти соли 2017 дар мавриди осебпазирии роҳбурдии моҳвораҳои Амрико ҳушдор дода буд.