Тавтеаи ҷадиди шабакаи Би Би Си зидди Афғонистон
Сухангуи Вазорати дифои Афғонистон гузориши бунгоҳи суханпарокании Британия (Би Би Си)-ро дар бораи маҳдудаи ҷуғрофиёии таҳти султаи гурӯҳи Толибон ва нуфуси сокин дар он, муболиғаомез ва нопазируфтанӣ донист.
Шабакаи телевизионии Би Би Си дар гузорише муддаӣ шуд, 70 дарсади хоки Афғонистон таҳти таҳдиди Толибон қарор дораду 15 миллион нуфуси ин кишвар низ дар манотиқе зиндагӣ мекунанд, ки ин гурӯҳ дар онҷо ҳокимият ё ҳузури густарда доранд .
Англия дар ҳоле мудохилоти худро дар умури Афғонистон афзоиш медиҳад, ки беш аз сад сол қабл шикасти сангинеро аз мардуми Афғонистон мутаҳаммил шуд ва бо саршикастагии тамом аз ин кишвар гурехт.
Аммо аз соли 2001, ки Амрико ба Афғонистон ҳамла ва ин кишварро ишғол кард, Англия низ фурсатро муносиб ташхис доду бо эъзоми нерӯии низомӣ ба баҳонаи муқобила бо маводи мухаддир дар Афғонистон даври тозае аз дахолатҳоро дар ин кишвар оғоз кард.
Қарордоди Англия бо Толибон дар Мусоқалъа ва вогузории ин минтақа ба ин гурӯҳ нишон дод, ки давлати Англия беш аз ҳар кишваре бо Толибон робита дораду онро ҳимоят мекунад.
Британиа бо истифода аз бунгоҳи суханпароканиаш, Би Би Си, бо ҳимоят аз Толибон ва заиф нишон додани давлати Афғонистон дарсадади гирифтани интиқоми шикасти як қарни пеши худ аз мардуми Афғонистон аст.
Зеро мардуми ин кишвар дар амал нишон додаанд, ки ба шиддат зидди бегона ҳастанд ва иҷоза намедиҳанд, бегонагон бар кишварашон мусаллат шаванд.
Пештар низ бунгоҳи суханпарокании Би Би Си бо тағйири номи сафҳаи форсии афғонистонии худ ба Би Би Сии дарӣ яке дигар аз тактикҳои худро барои тафриқаафканӣ дар Афғонистон аз тариқи ҷудосозии иштирокоти забонӣ ва фарҳангӣ ва беэътибор кардани наздикии маънавии форсизабонон ба кор бурда буд .
Акнун Британия мекушад, замина ва фурсати лозимро барои шарик шудани Толибон дар сохторҳои сиёсии Афғонистон фароҳам кунаду нуфузи худро низ дар Афғонистон афзоиш диҳад, ки муқобила бо ин фурсатталабии Лондон, ҳушёрии беш аз пеши мардуми Афғонистонро металабад .