Феврал 01, 2018 16:53 Asia/Dushanbe
  • Кушоиши деҳкадаи Бозиҳои олимпиадаи зимистонӣ дар Пхенчхани Кореяи Ҷанубӣ

Маросими кушоиши деҳкадаи Бозиҳои олимпиади зимистонии 2018, дар Маҷмуаи варзишии Олимпии зимистонии Пхенчхан (Pyeongchang)-и Кореяи Ҷанубӣ, баргузор шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Yonhap”-и Кореяи Ҷанубӣ, дар ин маросим парчами тамоми кишварҳои ширкаткунанда, аз ҷумла Кореяи Шимолӣ дар Деҳкадаи олимпӣ барафрошта шуд.

Мақомҳои Кореяи Ҷанубӣ умедвор ҳастанд бо вуруди Кореяи Шимолӣ ба Олимпиадаи зимистонӣ, роҳ барои гуфтугӯҳои сулҳи тарафайн ва коҳиши танишҳо ҳамвор шавад.

 23-умин давраи мусобиқоти Олимпиадаи зимистонӣ аз 9 то 25 феврал ва 12-умин давраи рақобатҳои Паралимпии зимистонӣ ҳам аз 9 то 18 март дар шаҳри Пхенчхани Кореяи Ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд.

 

Барчасп