Амрико ба Марадона виза надод
Феврал 02, 2018 16:53 Asia/Dushanbe
Давлати Амрико ба Диего Марадона-мураббии аргентинаии футбол ба иллати тавҳин ба раисҷумҳури ин кишвар виза ё раводид надод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Раша тудэй, Марадона ахиран дар мусоҳибае аз Доналд Трамп интиқод карда гуфта буд: У арусаке дар дастони дигарон аст.
Ин мусоҳиба замоне мунташир шуд, ки дархости визаи Марадона барои вуруд ба Амрико дар марҳилаи баррасӣ буд.