Феврал 04, 2018 14:01 Asia/Dushanbe
  • Русия, баҳонаи Амрико барои тавҷеҳи афзоиши тавони ҳастаии худ

Сафири Русия дар Вашингтон гуфт, Амрико барои тавҷеҳи афзоиши ҳазинаҳои низомӣ ва тавони ҳастаии худ, Русияро баҳона кардааст.

Ба гузориши шабакаи телевизионии “Русия ал Явм”, Анатолий Антонов гуфт, Амрико барои тазриқи маблағи зиёде ба саноати низомии худ, бори дигар Русияро таҳдидомез ва хатарнок ҷилва медиҳад.

Ба гуфтаи вай, Вашингтон аз тариқи сиёсати ҳастаии ҷадиди худ, мехоҳад бо ҳамтоёни худ аз мавзеи қудрат ва фародастӣ сухан бигӯяд; Аммо наметавонад ба ин шакл бо Русия бархӯрд кунад.

Сафири Русия дар Вашингтон таъкид кард, Русия дар қиболи тааҳҳудҳое, ки ба мӯҷиби тавофуқҳои байналмилалӣ дошта, масъулона рафтор ва ин тавофуқҳоро ба сурати дақиқ иҷро мекунад.

Сафири Русия дар Амрико, ҳамчунин бар зарурати ҳамкории Маскав ва Вашингтон дар заминаи халъи силоҳ таъкид кард.

Докторинаи ҳастаии ҷадиди Амрико, рӯзи ҷумъа дар ростои чорчӯбҳо ва мафоҳиме, ки Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико аз замони вуруд ба Кохи Сафед дар январи 2017 матраҳ кардааст, мунташир шуд.

Дар ин санад, сохти таслиҳоти ҷадиди ҳастаӣ ва посухи ҳастаӣ ба ҳамалоти стратегии муҳимми ғайри ҳастаӣ маддиназар қарор гирифта, ки интиқоди шадиди гурӯҳҳои контроли таслиҳотро барангехтааст.

Дар воқеъ ҳадаф ва сарчашмаи ҳамла дар ин санад, мутаваҷҷеҳи Русия ба унвони яке аз қудратҳои ҳастаии аслии ҷаҳон шудааст.

 

Барчасп