Боздошти ҳудуди шаш ҳазор нафар дар Туркия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i295-Боздошти_ҳудуди_шаш_ҳазор_нафар_дар_Туркия
Дар паи кудатои нофарҷом дар Туркия, токунун шаш ҳазор нафар дар амалиёти поксозӣ боздошт шудаанд ва раисҷумҳури Туркия низ бар эҳёии қонуни эъдом дар ин кишвар барои муҷозоти кудатогарон таъкид кардааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 18, 2016 09:51 Asia/Dushanbe
  • Боздошти ҳудуди шаш ҳазор нафар дар Туркия

Дар паи кудатои нофарҷом дар Туркия, токунун шаш ҳазор нафар дар амалиёти поксозӣ боздошт шудаанд ва раисҷумҳури Туркия низ бар эҳёии қонуни эъдом дар ин кишвар барои муҷозоти кудатогарон таъкид кардааст.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, вазири додгустарии Туркия гуфт, ҳудуди шаш ҳазор нафар дар Амалиёти поксозӣ боздошт шудаанд ва ин рақам афзоиш хоҳад ёфт.

Дар ҳамин ҳол Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия низ гуфтааст, дар паи ин кудато кишвараш бояд муҷозоти эъдомро дубора барқарор кунад.

Дар кудатои нофарҷоми шонздаҳуми июли Туркия дастикам 265 тан кушта ва ҳазору 440 нафар захмӣ шуданд.

Нима шаби ҷумъа шуморе аз низомиёни артиши Туркия иқдом ба кудато алайҳи давлати мустақари ин кишвар карданд, ки пас аз чанд соат ба шикаст анҷомид.