Феврал 05, 2018 18:34 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди давлати Афғонистон бар эъдоми аъзои гурӯҳи Толибон

Муовини сухангуи раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон бар эъдоми аъзои гурӯҳи Толибон таъкид кард.

Ҷовид Файсал эълом кард, барномаи давлат ин аст, ки нахуст амалиёти нерӯҳои артиш ва амниятии Афғонистон барои муқобила бо Толибон афзоиш ёбад, сипас шуморе аз аъзои ин гурӯҳи пас аз таи мароҳили қонунӣ, эъдом шаванд .

Нусрат Раҳимӣ, муовини сухангуи Вазорати кишвари Афғонистон низ гуфт: Ҳамакнун дар 20 вилояти ин кишвар амалиёти низомӣ барои муқобила бо гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла Толибон идома дорад .

Ҳамакнун парвандаҳои 600 террористи маҳкумшуда ба эъдом, ки шуморе аз онҳо аъзои Толибон ҳастанд, рӯи мизи раисҷумҳури Афғонистон қарор дорад .

Бар асоси қавонини Афғонистон, ҳукми эъдом бояд пас аз имзои раисҷумҳур иҷро шавад .

 

Барчасп