Феврал 07, 2018 12:39 Asia/Dushanbe
  • Русия таваҷҷуҳи байналмилалӣ ба ҷинояти террористҳо дар Сурияро хостор шуд

Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе бо маҳкум кардани партоби гулӯлаи хумпора ба маркази тиҷории Русия дар Димишқ, таваҷҷуҳи байналмилалиро ба ҷиноятҳои террористҳо дар Сурия хостор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати умури хориҷаи Русия дар баёнияе дар вокуниш ба ҳамла ба сохтмони маркази тиҷории ин кишвар дар шаҳри Димишқ (пойтахти Сурия) аз сӯйи террористҳо, ин иқдомро идомаи ҷиноятҳо алайҳи сокинони ғайринизомӣ дар ин шаҳр арзёбӣ кард.

Вазорати хориҷаи Русия аз ҷомеаҳои байналмилалӣ хост, барои таваққуфи комили ҷиноёти террористҳо дар Сурия бештар талош кунанд.

Сохтмони маркази тиҷории Русия дар Димишқ дирӯз (сешанбе) ҳадафи гулӯлаҳои хумпораи террористҳо қарор гирифт, ки талафоте надошт.

Дар ду рӯзи гузашта бар асари ҳамалоти хумпораи террористҳо ба Димишқ беш аз 10 ғайринизомӣ кушта шуданд.

Дар як соли ахир террористҳо дар Сурия чандин бор сохтмони Сафорати Русия дар Димишқро ҳадаф қарор доданд, ки ба сохтмони сафорат хисороте ворид омада, аммо ин ҳамалот талафот надоштааст.