Тақвияти пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон
(last modified Thu, 08 Feb 2018 05:01:07 GMT )
Феврал 08, 2018 10:01 Asia/Dushanbe
  • Тақвияти пойгоҳҳои низомии Русия дар Тоҷикистон ва Қирғизистон

Масъули идораи сеюми кишварҳои ҳамсуди Вазорати умури хориҷаи Русия гуфт, ин кишвар пойгоҳҳои низомии худ дар Тоҷикистону Қирғизистонро тақвият кардааст.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Александр Стерник иллати ин амрро муқобила бо таҳдидоти ношӣ аз ҳузури афроди террористӣ дар Афғонистон унвон карду афзуд, Русия тақвияти системаи амнияти марзиро дар маҳдудаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз кардааст.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шомили Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Арманистон, Ӯзбакистон, Белорус, Молдова ва ҷумҳурии Озарбойҷон аст.

Ба гуфтаи вай, масири ҷанубии Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ муддатҳо аст, ки ба иллати авзои Афғонистон дар маркази тавваҷуҳи Маскав қарор дорад ва нақли макони террористҳо, аз ҷумла афроди гурӯҳи террористии ДИИШ аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон, таҳти назари Русия аст.

Ба гуфтаи Стерник, Русияву муттаҳидони он дар ИДМ ва Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар робита бо ин таҳдидот ба таври мураттаб иқдомоти лозими пешгирона анҷом медиҳанд.

 Вай афзуд, дар қолаби тақвияти системаи амниятӣ, модернсозиву омӯзиши нерӯҳои низомии кишварҳои шарики Русия иҷро мешавад ва имконоти пойгоҳи низомии 201-и Русия, мустақар дар Тоҷикистон бо ҳадафи кумак ба нерӯҳои давлатии ин кишвар дар хатарноктарин манотиқи марзӣ, барӯз шудааст.

Ин мақоми рус ҳамчунин хотирнишон кард, зарфиятҳои пойгоҳи нерӯи ҳавоии Русия, мустақар дар Қирғизистон низ тақвият шудаву дар қолаби ИДМ иқдомот барои таҳкими системаи амнияти марзӣ иҷро шудааст.

Барномаи Русия барои тақвияти марзҳои худ дар маҳдудаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз он сурат гирифтааст, ки бархе гузоришҳо аз барномаи Амрико барои интиқоли боқимондаҳои ДИИШ аз Ироқу Сурия ба Афғонистон ҳикоят дорад.

Ин амр муҷиби нигаронии Русия ва кишварҳои минтақа, ба хусус ҳамсоягони Афғонистон шудааст.