Афзоиши шумори афроди ниёзманд ба маводи хурокворӣ дар Афғонистон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i29773-Афзоиши_шумори_афроди_ниёзманд_ба_маводи_хурокворӣ_дар_Афғонистон
Масъули ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони миллал дар Афғонистон гуфт: Теъдоди шахсони ниёзманд ба маводи хурокворӣ дар ин кишвар ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 10, 2018 13:50 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори афроди ниёзманд ба маводи хурокворӣ дар Афғонистон

Масъули ҳамоҳангии кумакҳои башардӯстонаи Созмони миллал дар Афғонистон гуфт: Теъдоди шахсони ниёзманд ба маводи хурокворӣ дар ин кишвар ҳамчунон дар ҳоли афзоиш аст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо аз Кобул, Тобӣ Ланзер афзуд: Созмони миллал барои таъмини маводи хуроквории афроди ниёзманд дар Афғонистон ба 400 миллион доллар ниёз дорад, ки бахше аз он фароҳам шудааст.

Ин мақоми Созмони миллал ҳамчунин афзуд: Идомаи вазъияти кунунӣ барои афроди ниёзманд ба маводи хурокворӣ дар Афғонистон душвор аст ва мардуми ин кишвар илова бар мушкилоти иқтисодӣ аз хушунат ва ҳамлаҳои террористӣ ранҷ мебаранд.

Пеш аз ин низ мақомоти Созмони миллал эълом карда буданд 40 дарсади мардуми Афғонистон зери хати фақр зиндагӣ мекунанд.

Созмони миллал эълом кард дар соли гузашта беш аз 30 нафар аз коркунони созмонҳои ёрирасон бар асари ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон ҷон бохтаанд.