Мардуми Русия эътимоде ба номзадҳои ғарбгаро надоранд
(last modified Sat, 10 Feb 2018 12:39:01 GMT )
Феврал 10, 2018 17:39 Asia/Dushanbe
  • Мардуми Русия эътимоде ба номзадҳои ғарбгаро надоранд

Натоиҷи охирин назарсанҷӣ дар Русия нишон медиҳад, маҳбубияти номзади ғарбгарои интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар, аз дигар номзадҳо камтар аст.

Натоиҷи назарсанҷии Бунёди афкори умумии Русия ҳокӣ аст, 58.6 дарсади мардуми ин кишвар аз Ксения Собчак, номзади ғарбгарои интихобот, ки ба тозагӣ ба Амрико сафар кардааст, хушашон намеояд.

Тибқи ин назарсанҷӣ, фақат 2.5 дарсади мардуми Русия ба Собчак назари мусбат доранд.

16.8 дарсади ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ ҳам гуфтанд, Григорий Явлинский дигар номзади ғарбгароро қабул надоранд.

Бар асоси натоиҷ иин назарсанҷӣ, ки чаҳоруми феврал анҷом шуд, 73.3 дарсади мардум дар мавриди раисиҷумҳури кунунӣ дидгоҳи мусбат доранд ва вай аз ин назар, дар садр қарор дорад.

Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократ ва Павел Грудинин аз Ҳизби коммунист ба тартиб бо 15.9 ва 10 дарсад дар маконҳои дуввум ва сеюм аз дидгоҳи мардуми Русия қарор доранд.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Русия 18 март баргузор мешавад.

Комиссияи марказии интихоботи Русия имрӯз шанбе, асомии ҳашт номзади таъйид шударо барои рақобат дар ин интихобот, мунташир кард.