Таҳдиди Туркия ба қатъи равобит бо Амрико
Вазири умури хориҷаи Туркия бо таҳдид ба қатъи равобит бо Амрико, поён ёфтани ҳимояти Вашингтон аз шибҳнизомиён курдро хостор шуд.
Мавлуд Човуш Уғлу, вазири хориҷаи Туркия эълом кард, равобити Туркия бо Амрико дар нуқтаи бисёр ҳассосе қарор дорад ба гунае, ки ё беҳбуд меёбад ва ё ба куллӣ қатъ мешавад .
Човуш Уғлу дар суханронӣ дар Конфронси Туркия-Африқо дар Истанбул афзуд: Дигар аз Амрико қавлу ваъда намехоҳем, балки интизор дорем, гомҳои маҳкаме барои беҳбуди муносибот бо Туркия бардорад, зеро дар ғайри ин сурат вазъият бисёр вахим хоҳад шуд .
Вай гуфт, низомиёни Амрико ҳатто ба манотиқи таҳти султаи ДИИШ наздик ҳам нашудаанд, аммо ба баҳонаи мубориза бо гурӯҳи террористии ДИИШ, аз ягонҳои мудофеи халқ (Й.П.Г) ҳимоят мекунанд .
Туркия ба баҳонаи саркуби шибҳнизомиён курди тарафдори Амрико ҳамла ба Африн дар Ҳалаб дар шимоли ғарби Сурияро аз 20 январ оғоз кардааст .
Ин ҳамалот илова бар оворагии чанд ҳазор нафар, 150 ғайринизомиро ба коми марг кашонда ва 300 маҷрӯҳ барҷой гузоштааст .