Феврал 15, 2018 13:01 Asia/Dushanbe

Дар тирпаронии маргбор дар мактабе дар иёлати Флоридаи Амрико камаш 17 нафар кушта шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, полиси Флорида бомдоди панҷшанбе эълом кард омили тирпаронӣ дар мактаби миёнаи Стонман Доглос дар шаҳри Порокланд дар Флоридаи ҷанубӣ ҷавоне 19 сола ба номи Николас Кроз аст, ки чанде пеш ба далели барҳам задани назми мактаб аз мактаб хориҷ карда  шуда буд.

Мақомоти бемористонии иёлати Флорида токунун марги 17 нафарро дар ин ҳодиса таъид ва ҳоли бархе аз захмбардоштаҳои ин ҳодисаро вахим эълом кардаанд.

Тибқи гузориши полис, омили тирпаронии маргбори ин мактаби миёнаи шаҳри Порокланди Флорида, ки миқдори бисёр зиёде меҳмон дар ихтиёр дошта тирпарониро аз беруни мактаб шуруъ ва пас аз он вориди мактаб шуда  донишомӯзонро ҳадаф қарор додааст.

Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико, ки худ яке аз ҳомиёни аслии силоҳдорони амрикоӣ аст дар вокуниш ба ин тирпаронии маргбор дар саҳифаи Твиттери худ навишт: Ҳеҷ кас набояд дар мактабҳои Амрико эҳсоси ноамнӣ кунад.

Барчасп