Афзоиши бесобиқаи мавориди тирандозӣ дар мадориси Амрико
Мавориди тирандозӣ дар мадориси Амрико ба шакли бесобиқае афзоиш ёфтааст.
Ба гузориши рӯзномаи “Daily Telegraph” чопи Бритониё, ба таври мутавассит дар ҳар 60 соат як нафар дар мадориси Амрико ба зарби гулӯла ҷонашро аз даст додааст.
Ин гузориш бо ишора ба тирандозии хунбор дар мадрасае дар иёлати Филоридаи Амрико навишт, донишомӯзон дар мақотеи мухталифи таҳсилӣ дар Амрико ба таври муназзам, наҳваи вокуниш нишон додан ба вазъиятеро, ки дар он фарде дар ҳоли тирандозӣ аст, тамрин мекунанд.
Ба думболи тирандозии маргбор дар мадрасаеи дар иёлати Флорида, дастикам 17 нафар кушта ва ҳудуди 50 нафари дигар низ захмӣ шуданд.
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, яке аз ҳомиёни аслии лобии тарафдори озодии ҳамлу харид ва фурӯши силоҳ дар ин кишвар аст.
Бар асоси гузоришҳои расмӣ, ҳудуди 270 то 300 миллион қабза силоҳи гарм дар Амрико вуҷуд дорад; Яъне тақрибан ба барои ҳар нафар як аслиҳа дар ин кишвар ёфт мешавад.