Феврал 17, 2018 12:40 Asia/Dushanbe
  • Ҳамкории Ӯзбакистон ва Туркия барои амалиёти зиддитеррористии муштарак

Раисони Дафтари полиси байналмиллал (Interpol)-и Ӯзбакистон ва Туркия дар Тошканд, ҳамкориҳои ду кишвар барои амалиёти муштараки зиддитеррористиро баррасӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Вазорати дохилии кишвари Ӯзбакистон эълом кард: Дар дидори Лутфӣ Чичак-раиси Дафтари полиси байналмиллалии Туркия бо Рустам Исрофилов-ҳамтои ӯзбакистонии вай дар Тошканд ду тараф бар зарурати мубодилаи иттилоот барои таъқиб ва боздошти террористҳо ва амалиёти муштараки зидди гуруҳҳои террористӣ таъкид карданд.

Онон густариши  ҷурмҳои фаромиллӣ монанди терроризми байналмиллалӣ, ифротгароӣ, ҷудоиталабӣ ва қочоқи маводи мухаддирро иллати ҳамкории муштараки нерӯҳои амниятии Ӯзбакистон ва Туркия донистанд.

Чичак ва Исрофилов ҳамчунин бо ишора ба фаъолияти ҷамъе аз шаҳрвандони кишварҳои минтақа аз ҷумла Русия, Туркия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар гуруҳҳои террористӣ дар Сурия ва Ироқ эълом карданд: Яке аз вазифаҳои мавриди авлавият дар ин замина ҳамкорӣ ва таомули Туркия ва Ӯзбакистон барои шиносоии ҳувияти ин афрод ва қарор додани онҳо таҳти пайгарди байналмиллаӣ аст.