Феврал 17, 2018 14:29 Asia/Dushanbe
  • Карзай: Ҳадафи Амрико дар Афғонистон мубориза бо терроризм нест

Раиси ҷумҳурии собиқи Афғонистон гуфт, ҳадафи Амрико аз ҳузури низомӣ дар Афғонистон ба хотири мубориза бо терроризм нест.

Ба гузориши рӯзномаи “Вашингтон пост”, Ҳомид Карзай дар гуфтугӯ бо хабарнигори ин рӯзномаи амрикоӣ изҳор дошт, ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Афғонистон танҳо ба хотири руқабои минтақаии Вашингтон дар ин кишвар аст.

Вай бо таъкид бар ин ки Вашингтон Афғонистонро ба унвони абзоре барои иҷрои барномаҳои худ дар минтақа дар назар гирифтааст, афзуд, барои мубориза бо мухолифони мусаллаҳ дар Афғонистон ниёзе ба ин ҳама пойгоҳҳои низомиёни амрикоӣ нест ва Амрико мардуми Афғонистонро фиреб додааст.

Ҳамакнун беш аз 15 ҳазор низомии амрикоӣ дар Афғонистон мустақар ҳастанд ва дар канори ин нерӯҳо низ се ҳазор низомӣ аз дигар кишварҳои узви Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ҳузур доранд.

Ҳузури низомии Амрико аз соли 2001 дар Афғонистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм ба ҳамроҳи дигар кишварҳои узви НАТО то кунун ҳеҷ дастоварде ҷуз куштори ҳазорон ғайринизомӣ ва тахриби зерсохтҳои Афғонистон надошта ва ноамниҳо рӯз ба рӯз дар ин кишвар афзоиш ёфтааст.