Феврал 19, 2018 17:32 Asia/Dushanbe

Нахуствазири режими саҳюнистӣ, ки ба иттиҳомзаниҳои хандаовар зидди Эрон маъруф аст, дар Конфронси амниятии Мюнхен низ асбоби тамасхури худро фароҳам кард то ҷое, ки вазири умури хориҷаи Эрон рафтори ӯро намоиши Сирк хонд.

Бенямин Нетаняҳ бо дар даст гирифтани як тикка оҳан ва намоиши он ба ҳозирон муддаӣ шуд, ончи дар даст дорад, як қитъа аз паҳподи эрониист, ки зиддиҳавоии Исроил онро сарнагун кардааст!

Вай ҳамин шеваро ҳудуди чаҳор соли пеш низ дар Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид ба кор гирифт ва дар суханронии худ бо нишон додани тасвири як бомб, ки рӯи коғаз наққошӣ шуда буд, ба ҳозирон тавзеҳ дод, ки Эрон дар остонаи тавлиди бомби атомӣ аст !