Феврал 22, 2018 10:31 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати Русия бо таҳрими Эрон дар Шӯрои амният

Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид талоши Шӯрои амниятро барои таҳрими Ҷумҳурии Исломии Эрон ба сабаби иддаои ҳимояти таслеҳотӣ аз ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман ғайриқобили қабул донист.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Василий Небензя рӯзи чаҳоршанбе гуфт, Шӯрои амнияти СММ набояд дар қатъномаи марбут ба таҷдиди таҳримҳо зидди Яман, Эронро маҳкум кунад.

Шӯрои амният дар ҳоли музокира дар бораи қатъномае аст, ки пешнависи он аз сӯйи Англия ва дар машварат бо Амрико ва Фаронса таҳия шудааст.

Дар ин қатънома Эрон ба сабаби иддаои нақзи таҳрими таслеҳотии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман маҳкум шудааст.

Русия матни ин пешнависро, ки қарор аст 26-уми феврали соли 2018 тасвиб шавад, ғайриқобили қабул тавсиф кардааст.

Баҳроми Қосимӣ, сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон рӯзи сешанбе бо радди иддаои ирсоли мушак тавассути Эрон ба Яман гуфт, Эрон борҳо ба ин иддаоҳои беасос посух дода ва асосан артиш ва нерӯҳои мардумии Яман ниёзе ба кумакҳои таслеҳотии хориҷӣ надоранд.

Ба гуфтаи вай, омили шикаст ва нокомии мутаҷовизон ба Яман, дифои мардуми ин кишвар аз ҳайсият ва каёни сарзаминашон бо ҳадди ақали имконот аст.

 

 

 

Барчасп