Феврал 22, 2018 14:12 Asia/Dushanbe
  • Ҷидоли намояндагони Русия ва Амрико дар нишасти Шӯрои амният

Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид ба суханони ҳамтои амрикоии худ, ки Русияро “режими Путин” номида буд, вокуниш нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, ҳайатҳои намояндагии Амрико ва Русия шомгоҳи чаҳоршанбе дар нишасти Шӯрои амнияти СММ, ки бо мавзӯи “Ҳимоят аз сулҳи байналмилалӣ аз тариқи иҷрои Эъломияи милали муттаҳид” баргузор шуда буд, дар ҷидоли тунд иттиҳомотеро алайҳи якдигар матраҳ карданд.

Никки Ҳейли, намояндаи доими Амрико дар ин нишаст гуфт: “Русия дар хоки Украина минтақаи Қримро ишғол ва манотиқи шарқии ин кишварро низ бесубот кардааст. Дар ҳоле, ки ҳаққи ҳокимияти кишварҳо асли бунёдин аст. Вале замоне, ки мо аз ин асл дифоъ накунем, режимҳое монанди режими Ким, режими Асад ва режими Путин бидуни танбеҳ боқӣ мемонанд. Дар сурате, ки Шӯрои амният вазифа дорад то аз ҳокимияти кишварҳо дар баробари чунин таҳдидҳо ҳимоят кунад”.

Бар асоси ин гузориш, Василий Небензя, намояндаи Русия дар СММ дар посух ба ин суханони намояндаи Амрико гуфт: “Бояд ба хонум Ҳейли ёдовар шавам, ки дар Русия як режим вуҷуд надорад, балки раиси ҷумҳурӣ ва давлати қонунӣ ва мунтахаби мардуми ин кишвар дар раъси қудрат аст”.

Небензя гуфт, аз ҳайати намояндагии Амрико интизор дорад, ки дар оянда ҳаддиақал ибтидоитарин усули дипломатиро риоят кунад.

Ин намояндаи СММ ҳамчунин гуфт, Амрико аз ин масъала хушаш биёяд ё наёяд, дар Сурия низ давлати қонунӣ ҳокимият дорад.