Ҳазинае, ки хоҳари Ун рӯи дасти Ин гузошт!
Се рӯз мизбонӣ аз хоҳари раҳбари Кореяи Шимолӣ ва ҳайъати ҳамроҳи ӯ ҳудуди 220 ҳазор доллар барои давлати Сеул ҳазина доштааст.
Мақомоти Кореяи Ҷанубӣ эълом карданд, 240 миллион вон баробари 220 ҳазор доллар ҳазина сарфи мизбонии серӯза аз хоҳари раҳбари Кореяи Шимолӣ ва ҳайъати ҳамроҳи ӯ шуд.
Як манбаъ дар Вазорати иттиҳоди Кореяи Ҷанубӣ ба шарти фош нашудани номаш гуфт, бештари ин пул сарфи ҳазинаи искон, рафту омад ва ғизои чаҳор узви аршаду 18 ҳамроҳи онҳо шудааст.
Ким Ю-Ҷунг, хоҳари Ким Ҷунг Ун, раҳбари Кореяи Шимолӣ ва ҳайъати ҳамроҳаш дар ҳотели панҷситора дар шарқи Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ искон ёфта буданд.
Кореяи Ҷанубӣ 130 миллион вон сарфи ҳазинаи ҳотели ҳайъати Кореяи Шимолӣ карда ва барои ҳамлу нақл ва ғизои онон низ ҳар кадом беш аз 100 миллион вон пардохтааст.
Дар муқоиса бо ҳазинаи 220 ҳазор долларии мақомоти Кореяи Шимолӣ, кумитаи байналмилалии олимпӣ 50 ҳазор доллар барои тамринҳо ва омодасозии 22 варзишкори Кореяи Шимолӣ дар тӯли олимпии замистонӣ ҳазина кардааст, ки саҳми ҳар як аз онон ду ҳазору 300 доллар аст.
Пештар дар баёниае эълом шуда буд, давлати Мун Ҷае Ин, раисҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ, будҷае баробар бо 2.6 миллион доллар барои мизбонӣ аз 418 варзишкор ва мақоми Кореяи Шимолӣ дар замони баргузории бозиҳои олимпии замистонӣ дар назар гирифтааст.