“Wall Street Journal”: Ҷанг бо Эрон заъфҳои артиши Амрикоро ошкор кард
Порс Тудей - Рӯзномаи “Wall Street Journal” дар таҳлиле аз ошкор шудани осебпазириҳо ва заъфҳои артиши Амрико дар ҷанг бо Эрон ибрози нигаронӣ кард.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, рӯзномаи Wall Street Journal навишт; Ҳамалоти Эрон ба пойгоҳҳои низомии Амрико дар Ғарби Осиё, аз ҷумла мавориди ахир дар Урдун, нишондиҳандаи таҳдиди рӯзафзӯни мӯшакҳо ва паҳподҳои душман аст.
Wall Street Journal тасреҳ карда, ин ҳамалот нишон додаанд, Амрико аз омодагии кофӣ барои дифо аз пойгоҳҳои бурунмарзӣ, зерсохтҳои ҳаётӣ ва персонели худ бархӯрдор нест.
Дар ин таҳлил иддао шуда, аз замони оғози ҷанг, Эрон беш аз 2,000 ҳамлаи ҳавоӣ, мушакӣ ва паҳподӣ дар саросари Ғарби Осиё анҷом дода ва дастикам ба 20 нуқтаи мавриди истифодаи артиши Амрико дар 8 кишвар осеб задааст.
Рӯзномаи амрикоӣ ҳамчунин муддаӣ шуда, Эрон токунӯн фақат дар бахши хисорат ба таҷҳизоту таъсисот, то 13 миллиард доллар ба Амрико зиён ворид кардааст.
Ба навиштаи Wall Street Journal дар маҷмӯ, Эрон ба беш аз 42 фарванд ҳавопаймои низомии Амрикоро тахриб карда ё ба онҳо осеб задааст.
Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс низ боз ҳам ба коҳиши захоири таслеҳотии Амрико пардохт ва навишт; Панҷ моҳи ҷанг бо Эрон, захоири таслеҳотии ҳаётии Иёлоти муттаҳидаро ба поинтарин сатҳи мумкин расондааст. Беш аз 1500 мӯшаки Патриот ва ҳазорон мӯшаки круз ва боллистики дурбурд дар ин даргирӣ масраф шуда ва бозсозии онҳо ҳаддиақал ду сол замон ниёз дорад.
Ин камбуд, ки ҳатто пеш аз ҷанг ҳам ба далели ҳимоят аз Украина вуҷӯд дошт, акнӯн ба буҳроне тамомайёр табдил шуда, ки тавоноии Амрикоро барои посухгуӣ ба таҳдидот дар Аврупо ва Осиё ба шиддат тазъиф кардааст.
Русия ва Чин бо диққат ин коҳишро расад мекунанд ва мумкин аст, аз ин фурсат барои иқдомоти роҳбурдӣ дар манотиқи мавриди муноқиша монанди Тайван ё Аврупои Шарқӣ истифода кунанд.
Сенариюе, ки метавонад назми амниятии ҷаҳониро барои даҳаҳои оянда дигаргун кунад.