Тасмими Бангладеш барои интиқоли паноҳҷуёни Роҳингия ба ҷазоири беодам
Давлати Бангладеш тасмим дорад, теъдоде аз паноҳҷуёни Роҳингияро ба урдугоҳҳои холӣ аз одам дар халиҷи Бенгал интиқол диҳад.
Шайх Ҳасина Воҷид, нахуствазири Бангладеш гуфт: Интиқоли паноҳҷуёни Роҳингия ба ҷазираи холӣ аз одам дар халиҷи Бенгал муваққатӣ аст.
Ин дар ҳолест, ки яке аз мушовирони Шайх Ҳасина Воҷид гуфт: Чунончи паноҳҷуён ба ҷазоири холӣ аз одам мунтақил шаванд, дигар роҳе барои бозгашти онон ба Бангладеш вуҷуд надорад ва онҳо фақат метавонанд ба Мянмар баргарданд ё дар кишвари севум пазируфта шаванд.
Ҷиноятҳои густардаи нерӯҳои артиш ва будоёни ифротии Мянмар зидди мусулмонони Роҳингия дар устони Рахин, ки аз 25 августи 2017 шуруъ шуда, токунун ҳазорон кушта ва маҷрӯҳ ва садҳо ҳазор овора барҷо гузоштааст.