Феврал 23, 2018 18:00 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Амрико ба Ироқ дар бораи хариди «С-400» аз Русия

Сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико панҷшанбешаб ба Ироқ дар бораи паёмадҳои хариди эҳтимолии сомонаи дифоъи мушакии «С- 400» аз Русия ҳушдор дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, Хизер Нойерт гуфт: Вашингтон бо бисёре аз кишварҳо аз ҷумла Ироқ дар бораи муҳтавои қонуни «Муқобила бо душманони Амрико аз тариқи таҳрим» (КАТСА) ва паёмадҳои бастани қарордодҳои низомии ин кишварҳо бо Русия гуфтугӯ кардааст.

Пештар Виктор Бондарев-раиси кумитаи дифоъӣ ва амниятии Шӯрои Федератсияи Русия дар парлумони ин кишвар гуфта буд: Сурия, Ироқ, Судон ва Миср аз кишварҳое ҳастанд, ки ба думболи хариди сомонаи мушакии «С-400» аз Русия ҳастанд.

 Ҳанӯз мақомҳои расмии Ироқ вокунише ба ин изҳороти сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико нишон надодаанд.

Қонуни КАТСА 29-уми январи соли 2018 ба таври расмӣ иҷроӣ шуд.

Ин қонун ба давлати Амрико ихтиёр медиҳад, то кишварҳоро ба далели қарордодҳое, ки бо ширкатҳои бахши низомии Русия ба имзо мерасонанд, таҳрим кунад.

 Қонуни КАТСА ба таври хос таҳрими се кишвари Русия, Кореяи шимолӣ ва Эронро дарбар мегирад.

 

Барчасп