Феврал 23, 2018 18:13 Asia/Dushanbe
  • Кореяи шимолӣ: Гутерреш навкари Амрико аст

Кореяи шимолӣ дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳидро навкари Амрико хонд ва ба ситезаҷӯӣ зидди Пхенян муттаҳам кард.

 Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба нақл аз хабаргузории Меҳр, ҳайати намояндагии Кореяи шимолӣ дар Созмони Миллали Муттаҳид дар баёнияе таъкид кард: Антониу Гутерреш -дабири кулли ин созмон дар суханронии худ дар конфронси амниятии Мюнхен изҳороти хасмонае зидди Пхенян бар забон овардааст.

 Ҳайати намояндагии Кореяи шимолӣ дар Созмони Миллали Муттаҳид дар баёнияи худ овардааст: «Ин изҳороти Гутерреш чизе нест ҷуз забонбозӣ ва далелтарошии хандаовар, ки бо вазифаҳои ӯ дар симати дабири кулли Созмони Миллал ҳамхонӣ надорад ва танҳо боис мешавад тасаввур кард,ки ӯ навкари Амрико аст.»

 Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид 16 феврал дар конфронси амниятии Мюнхен гуфта буд,ки бояд бо фишор овардан бар Кореяи шимолӣ, ин кишварро водор ба музокира кард.

 Кореяи шимолӣ дар моҳҳои ахир борҳо бо фишор ва талоши Амрико ба баҳонаи озмоишҳои мушакӣ ва ҳастаӣ, аз ҷониби Вашингтон, Шӯрои амният ва Иттиҳоди Аврупо таҳрим шудааст.

 

Барчасп