Калонтарин бастаи таҳримии Амрико алайҳи Кореяи шимолӣ
Давлати Амрико бо иҷроӣ кардани калонтарин бастаи таҳримӣ алайҳи Кореяи шимолӣ, беш аз 50 ширкати киштирониро таҳрим кард.
Ба гузориши хабаргузории Associated Press, давлати Амрико рӯзи ҷумъа 56 ширкати киштиронӣ ва нақлиётии баҳрӣ ва чандин тоҷирро дар иртибот бо Кореяи шимолӣ таҳрим кард.
Бар асоси ин гузориш, ҳадафи ин таҳримҳо иҷрои бештарин фишор бар барномаи ҳастаӣ ва мушакии Пиюнг Йонг аст.
Доналд Трамп- раиси ҷумҳури Амрико низ дар ин бора гуфт: Давлаташ дар ҳоли иҷрои калонтарин маҷмуъаи таҳримҳо алайҳи Кореяи шимолӣ аст, то ин кишвар рафторашро тағйир диҳад.
Вазорати хазонадории Амрико 27 ширкати киштиронӣ, 28 шиновар ва як нафарро ба иттиҳоми иртибот бо Кореяи шимолӣ ба рӯйхати таҳримҳои худ изофа кард.
Ширкатҳои таҳримшуда аз кишварҳои Чин, Кореяи шимолӣ, Сангопур ва Тайван ҳастанд.
Амрико ва Шурои амнияти Созмони миллал аз замони аввалин озмоиши ҳастаии Кореяи шимолӣ дар соли 2006 чанд бор таҳримҳоеро алайҳи ин кишвар содир намуданд.