Феврал 24, 2018 15:07 Asia/Dushanbe
  • Такрори иттиҳомоти беасоси Амрико алайҳи Эрон ва Русия

Раиси ҷумҳурии Амрико дар идомаи иқдомот ва иттиҳомоти беасос ва хасмона алайҳи Эрон ва Русия, бори дигар муддаӣ шуд, Теҳрон ва Маскав масъули ҳамалоти террористии ахир дар Сурия ҳастанд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Доналд Трамп дар нишасти хабарӣ бо  Майкл Транбол, нахуствазири Австралия дар Ню-Йорк бидуни ишора ба нақши мудохилагаронаи ин кишвар дар буҳронӣ кардани авзои Сурия, муддаӣ шуд: “он чӣ Эрон ва Русия дар Сурия анҷом медиҳанд, мояи расвоӣ аст”.

Иддаои Трамп дар ҳолест, ки Эрон ва Русия бо дархости давлати қонунии Сурия барои муқобила бо террористҳои мавриди ҳимояти Амрико ва Ғарб дар ин кишвар ҳузур доранд.

Сурия ҳафт сол аст, ки бо ҳузури гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Ғарб ва бархе кишварҳои минтақа, ба вижа Арабистон, бо буҳрон рӯбарӯ аст.

Бо пешравии артиши Сурия ва нерӯҳои меҳвари муқовамат, ин кишвар пас аз солҳо пойдорӣ, дар остонаи пирӯзии комил бар терроризм қарор дорад.

 

Барчасп