Феврал 24, 2018 17:53 Asia/Dushanbe
  • Такрори иттиҳомоти беасоси Амрико алайҳи Эрон ва Русия

Раисиҷумҳури Амрико дар идомаи иқдомот ва иттиҳомоти беасос ва хасмона алайҳи Эрон ва Русия, бори дигар муддаӣ шуд, Теҳрон ва Маскав масъули ҳамалоти террористии ахир дар Сурия ҳастанд.!

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар нишасти хабарӣ бо Малколм Тернбулл, нахуствазири Австралия дар Ню-Йорк бидуни ишора ба нақши мудохилагаронаи ин кишвар дар буҳронӣ кардани авзои Сурия, муддаӣ шуд, ончи Эрон ва Русия дар Сурия анҷом медиҳанд, мояи расвоӣ аст.

Иддаои Трамп дар ҳоле аст, ки Эрон ва Русия бо дархости давлати қонунии Сурия, барои муқобила бо террористҳои мавриди ҳимояти Амрико ва Ғарб дар ин кишвар ҳузур доранд.

Мақомоти давлати Сурия эълом карданд, дар ҳамалоти хумпораии рӯзи сешанбеи гурӯҳҳои террористӣ ба Ғӯтаи шарқии Димишқ, пойтахти Сурия 11 тан кушта ва 49 нафар захмӣ шуданд.

Террористҳои мавриди ҳимояти Амрико ва Исроил, ҳамвора ба манотиқи мухталифи пойтахти Сурия ҳамлаи хумпораӣ, анҷом медиҳанд ва ин иқдом нақзи тавофуқи ҷомеи оташбас дар Сурия аст.

Сурия ҳафт сол аст, ки бо ҳузури гурӯҳҳои террористии мавриди ҳимояти Ғарб ва бархе кишварҳои минтақа бавижа Арабистон, бо буҳрон рӯба рӯ аст. Бо пешравии артиши Сурия ва неруҳои меҳвари муқовамат, ин кишвар пас аз солҳо пойдорӣ дар остонаи пирӯзии комил бар терроризм қарор дорад.

 

Барчасп