Интиқоди шадиди Русия аз афзоиши ҳузури низомии Амрико дар баҳри Сиёҳ
(last modified Mon, 26 Feb 2018 11:35:25 GMT )
Феврал 26, 2018 16:35 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди шадиди Русия аз афзоиши ҳузури низомии Амрико дар баҳри Сиёҳ

Анатолий Антонов, сафири Русия дар Амрико аз афзоиши ҳузури низомии Амрико дар баҳри Сиёҳ интиқод кард. Ба гуфтаи вай, афзоиши ҳузур ва фаъолияти воҳидҳои неруи баҳрии Амрико дар баҳри Сиёҳ, иқдоме таҳрикомез дар минтақа аст. Константин Косачев, раиси Комиссияи умури байналмилали Шӯрои федератсияи Русия низ дар бораи паёмадҳои афзоиши ҳузури низомии Амрико дар баҳри Сиёҳ, ҳушдор дод.

Ба гуфтаи вай, Амрико дуввумин нови мушакандози худро равонаи баҳри  Сиёҳ кард, ҳузури ҳамзамон ду нови амрикоӣ дар ин дарё, барои нахустин бор аз июни 2017 сурат мегирад. Ҳарчанд Амрико аз соли 2008 пас аз ҷанги Русия ва Гурҷистон, ҳузури низомии доимӣ дар баҳри Сиёҳро дар дастури кори худ қарор дод, аммо пас аз буҳрони Украина дар соли 2014 ва рӯёрӯии Русия ва НАТО дар шарқи Аврупо, ҳузури низомии Вашингтон дар қолаби НАТО дар ин минтақа, аз ҷумла баҳри Сиёҳ афзоиши қобили таваҷҷуҳе ёфтааст.

Пентагон муддаӣ аст, ки ин иқдом барои коҳиши ҳассосияти Русия ба ҳузури новгони Амрико дар баҳри Сиёҳ анҷом гирифтааст. Дар айини ҳол Амрико ба баҳонаи ҳимоят аз муттаҳидон дар баҳри Сиёҳ яъне Украина, Руминия ва Булғория ҳузури доимӣ дар баҳри Сиёҳ дорад. Аз ҷумла Вашингтон иқдом ба эҷоди як маркази амалиёти дарёӣ дар бандари Одессаи Украина карда, ки бо вокуниши манфии Русия мувоҷиҳ шудааст.

Игор Морозов, як мақоми аршади парлумони Русия ҳушдор дод, ин кишвар қатъан тадобири хоссе, аз ҷумла тақвияти марзҳои хеш, дар сурати густариши ҳузури низомии Амрико дар хоки Украина иттихоз хоҳад намуд.

Аз дидгоҳи русҳо ҳузури новҳо ва неруҳои низомии ғарбӣ дар ин дарё ба манзалаи таҳдиде, алайҳи амнияти миллии Русия аст ва борҳо дар ин замина ба НАТО ва Амрико ҳушдор додаанд. Дар доктаринаи дарёии ҷадиди Русия, бар тақвияти ҳузур дар баҳри Сиёҳ таъкид шуда, ки ин нишонаи возеҳе дар заминаи тақвияти ҳузур ва афзоиши омодагии дарёии Русия, барои муқобила  бо таҳдидоти НАТО ва бавижа Амрико маҳсуб мешавад.

Адмирал Владимир Комоедов, фармондеҳи собиқи новгони баҳри Сиёҳи Русия, дар тафсири афзоиши ҳузури низомии Амрико дар ин минтақа мегӯяд, Амрико барои таҳдиди Русия танҳо метавонад, теъдоди новҳои низомии худ дар баҳри Сиёҳро афзоиш диҳад, то вокуниши Маскав ба ин масъаларо баррасӣ кунад. Ба эҳтимоли зиёд ин нақшаи бузург ва ғайри қобили дастрасии онҳо барои эҷоди ваҳшат дар Русия, дар остонаи баргузории интихоботи раёсатҷумҳурӣ аст.

Баҳри Сиёҳ ба манзалаи ҳаёти хилвати Русия ва маҳалли истиқрори новгони баҳри Сиёҳи ин кишвар аст, ки қудратмандтарин ягони дарёии Русия шумурда мешавад ва ҳамин мулоҳизот, аҳамияти ин ҳавзаи обиро барои русҳо дучандон кардааст. Бо ин ҳол, НАТО дар чорчӯби тақвияти истиқрори низомӣ дар шарқи Аврупо, акнун иқдомоти ҷиддӣ барои эҷоди новгоне дар ин дарёро оғоз кардааст. Метавон пешбинӣ кард, ки раванди низомигарӣ ва истиқрори анвои таҷҳизоти низомӣ дар баҳри Сиёҳ, ки акнун дар қолаби рақобат байни Маскав ва Вашингтон намуд пайдо карда, дар ояндаи наздик раванди пуршитобтаре ба худ хоҳад гирифт ва ҳавзаи баҳри Сиёҳро ба ҳавзае бо чолишҳои амниятии ҷиддӣ, табдил хоҳад кард.