Феврал 27, 2018 10:39 Asia/Dushanbe
  • Доктор Абдуллоҳ: Исломобод аз террористҳо ҳимоят мекунад

Раиси иҷроии давлати Афғонистон бори дигар Покистонро ба ҳимоят аз гурӯҳҳои террористии фаъол дар Афғонистон муттаҳам кард.

Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи душанбе, дар сивуҳафтумин нишасти Созмони ҳуқуқи башар дар Женеваи Швейтсария гуфт, имрӯз ҳеҷ ҷойи амне дар Афғонистон вуҷуд надорад.

Вай гуфт, дар сафари ахири ҳайати Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба Кобул, мадорикеро дар бораи вуҷуди марокизи амни террористӣ дар хоки Покистон дар ихтиёри ин созмон қарор додааст.

Доктор Абдуллоҳ таъкид кард, бисёре аз ҳамлаҳои террористӣ дар Афғонистон дар берун аз марзҳои ин кишвар созмонедеҳӣ мешавад.

Раиси иҷроии давлати Афғонистон аз кишварҳои ҷаҳон ва ниҳодҳои байналмилалӣ, ба вижа СММ хост то барои коҳиши хушунат дар Афғонистон талош кунанд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъкид кард, бо вуҷуди бозгашти ҳудуди чаҳор миллион паноҳҷӯи афғон ба кишвар, Афғонистон ҳанӯз бузургтарин ҷомеаи муҳоҷир дар хориҷ аз ин кишварро дар ҷаҳон дорад.

Сивуҳафтумин нишасти Созмони ҳуқуқи башар бо ҳузури шахсиятҳои барҷастае аз 100 кишвар ва созмони минтақаӣ ва байналмилалии фаъол дар ҳавзаи ҳуқуқи башар рӯзи душанбе дар Женева оғоз ба кор кард.

 

Барчасп