Гуфтугӯи телефонии Мирзиёев ва Эрдуғон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30539-Гуфтугӯи_телефонии_Мирзиёев_ва_Эрдуғон
Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Туркия дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар телефонӣ гуфтугӯ карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 27, 2018 18:18 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии Мирзиёев ва Эрдуғон

Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Туркия дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвар телефонӣ гуфтугӯ карданд.

Ба нақл аз Форс, Шавкат Мирзиёев ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон бар идомаи талошҳо барои тавсеаи равобити фимобайн таъкид карданд.

Раисони ҷумҳури Узбакистон ва Туркия дар ин гуфтугӯи телефонӣ чашмандози густариши беш аз пеши ҳамкориҳои Узбакистон ва Туркияро баррасӣ ва дар бораи мавзуоти минтақаӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.  

Мирзиёев ва Эрдуғон ҳамчунин бар аҳаммияти созмондеҳии нишасти давраии байнидавлатии Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва бозаргонӣ бо ҳадафи баррасии сафари наздикҳангоми раисҷумҳури Туркия ба Узбакистон ва иҷрои тавофуқоти қаблӣ таъкид карданд.