Феврал 28, 2018 10:37 Asia/Dushanbe
  • Омодагии давлати Афғонистон барои музокираи сулҳ бо гурӯҳи Толибон

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон бори дигар аз омодагии давлати Ашраф Ғанӣ барои музокираи сулҳ бо гурӯҳи Толибон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Ово”, Ҳорун Чахонсури дар нишасти хабарие дар Кобул гуфт, давлати Афғонистон омодаи ҳар гуна гуфтугӯ бо гурӯҳи Толибон дар хусуси поёни ҷанг ва барқарории сулҳ ва таъмини амният дар ин кишвар аст.

Сухангӯи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ҳамчунин афзуд, давлати Кобул ҳар лаҳза омода аст, ки бо Покистон музокира кунад, машрут бар ин, ки ба ҳимоят аз терроризм поён диҳад.

Ин изҳороти Чахонсури дар ҳоле аст, ки имрӯз - чаҳоршанбе нишасти байналмилалии сулҳи Афғонистон бо ҳузури намояндагони 25 кишвар дар Кобул баргузор мешавад.

Нишасти қаблии сулҳи байналмилалии Афғонистон дар Кобул дар июни соли гузашта баргузор шуд, аммо натиҷае надошт.

Гурӯҳи Толибон то кунун ҳозир ба гуфтугӯ бо давлати Афғонистон нашуда ва музокира бо давлати Ашраф Ғаниро ба хуруҷи ишғолгарон ба фармондеҳии Амрико аз ин кишвар иртибот додааст.