Феврал 28, 2018 15:05 Asia/Dushanbe
  • Ҳуҷуми мардуми Тайван ба фурушгоҳҳо барои хариди коғази туалет

Дар пайи ҳуҷумим мардуми Тайван ба фурушгоҳҳо барои хариди коғази туалет, нахуствазири ин кишвар мардумро ба ҳифзи оромиш даъват кард.

Ба гузориши Франс24, дар пайи қувват гирифтани хабари афзоиши нархи коғази туалет тайи рӯзҳои оянда дар Тайван бисёре аз фурушгоҳҳои  ин кишвар аз коғази туалет, дастмоли ошпазхона ва дастмоли коғазӣ холӣ шуданд.

Фурушгоҳҳои интернетии ин кишвар низ бо фуруши панҷ миллион бастаи дастмоли туалет танҳо дар се рӯз ҳамакнун анборҳои худро холӣ карданд.

Вилям Лай- нахуствазири Тайван гуфт: Мо аз мардум мехоҳем ваҳшат накарда ва барои хариди дастмол ҳуҷум наёваранд.

Вай ба мардуми Тайван, ки ҳамакнун дар ҳоли анборсозии коғази туалет дар хонаҳои худ ҳастанд, гуфт: Ба андозае ки кифоя кунад коғази туалет арза намудаем ва ҳама метавонанд ин маҳсулро харидорӣ кунанд.

Тавлидкунандагони коғази туалет ба ҳайпермаркетҳои калони ин кишвар эълом карданд, ки миёнаҳои моҳи март ба иллати афзоиши нархи хамири коғаз дар бозори байналмиллалӣ нархи ин маҳсул 10 то 30 дарсад афзоиш хоҳад ёфт.

Мардуми Тайван нистаб ба бетаваҷҷуҳии давлати ин кишвар дар баробари афзоиши нархи ин маҳсул муътариз ҳастанд.