Андешамандони аҳли суннати ҷаҳон терроризми такфириро маҳкум карданд
(last modified Sat, 27 Aug 2016 10:09:53 GMT )
Август 27, 2016 15:09 Asia/Dushanbe
  • Андешамандони аҳли суннати ҷаҳон терроризми такфириро маҳкум карданд

Уламои динӣ ва андешамандони аҳли суннат аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон дар ҳамоише дар Чеченистон, терроризми такфириро маҳкум ва эълом карданд, ки террористҳо ҳеҷ иртиботе бо мазҳаби аҳли суннат надоранд.

Ба гузориши ИРНА, дар нишасти "Шинохти пайравони суннатҳои исломӣ", ки дар шаҳри Грозний, пойтахти ҷумҳурии Чеченистон баргузор шуд, беш аз 100 муфтӣ ва андешаманди аҳли суннат аз кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Русия, Сурия, Лубнон, Урдун, Туркия, Ҳинд, Англия, Африқои ҷанубӣ ва Миср ширкат доштанд.

 Ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш бо баррасии масоили муҳими ҷаҳони Ислом, бар лузуми равшангарии андешамандони мазоҳиби исломӣ алайҳи ин рӯйкардҳои зиддиисломӣ таъкид карданд.

Аҳмад Муҳаммад Тайиб, имоми ҷамоати "Алазҳар"-и Миср низ дар ин ҳамоиш гуфт, террористҳо ва ифротгароён ба ҳеҷ ваҷҳ шабоҳат ё иштирок бо Ислом надоранд ва ҳадафи онҳо эҷоди тафриқа ва гумроҳӣ бо густариши дидгоҳҳои хашин байни мусулмонон аст, то ҷойгоҳи Исломро дар ҷаҳон тахриб кунанд.

Рамазон Кодиров, раиси ҷумҳурии Чеченистон низ дар паёми худ ба ин конфронс эълом кард, шароити кунунӣ эҷоб мекунад, ки уламо ва андешамандон иқдомҳои зиддибашарии террористҳо дар пӯшиши шиорҳои исломиро ошкор ва маҳкум кунанд.