Номзади нахуствазири Италия хостори манъи сохти масҷид шуд
Маттео Салвини (Matteo Salvini), раҳбари ҳизби «Иттиҳодияи шимол» ва номзади нахуствазирии Италия, дар рӯйкарди исломситезона, мамнуъияти сохти масҷидро дар ин кишвар хостор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Маттео Салвини дар нишасти матбуотӣ дар Рим эълом кард, дар сурати пирӯзӣ дар интихоботи ин кишвар, масоҷид ва марокизи исломӣ дар Италия ба шиддат ва диққати бештаре контрол хоҳанд шуд.
Ин дар ҳоле аст, ки дар чанд соли гузашта давлатҳои мухталиф дар Италия қавонини сахтгиронаеро дар қиболи мусулмонон ва фаъолиятҳои динии онон ба иҷро гузоштаанд.
Интихоботи парлумонии Италия якшанбеи оянда дар шароите баргузор мешавад, ки аҳзоби чапргаро ва эътилофи аҳзоби ростгаро ва ростгарои ифротӣ дар ду ҷиноҳ, муқобили якдигар қарор гирифтаанд.