Хашми мусулмонони Ҳинд аз хушунати нерӯҳои амниятӣ дар Кашмир
(last modified Mon, 18 Jul 2016 12:22:11 GMT )
Июл 18, 2016 17:22 Asia/Dushanbe
  • Хашми мусулмонони Ҳинд аз хушунати нерӯҳои амниятӣ дар Кашмир

Садҳо нафар аз мусулмонони Ҳинд дар фазои маҷозӣ аз бархӯрди хашини нерӯҳои амниятӣ ва афзоиши талафоти даргириҳои ахир дар минтақаи Кашмири таҳти кантроли ин кишвар интиқод карданд.

Ба гузориши ИРНА, мусулмонони Кашмир дар фазои маҷозӣ эълом карданд, ки Деҳлии Нав ҳамаи масирҳои иттилоърасониро дар ин минтақа бастааст.

Интишори тасовире дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки нерӯҳои амниятии Ҳинд, шаҳрвандони Кашмирро бо шиллики гулӯла ҳадаф қарор медонанд, хашми мусулмонони Ҳиндро барангехтааст.

Бар асоси гузоришҳо, дар 10 рӯзи гузашта беш аз 43 нафар дар хушунатҳои Кашмир ба зарби гулӯлаи нерӯҳои амниятии Ҳинд ҷон бохтанд ва се ҳазору 100 нафари дигар низ маҷрӯҳ шудаанд.

Ҳоли бархе аз захмиҳо низ вахим гузориш шудааст.

Даргирии пулис ва муътаризон ба қатли Бурҳон Музаффар Вонӣ- раҳбари Ҳизби Муҷоҳиддин-аслитарин ҷумбиши ҷудои талаби минтақаи Кашмир, аз рӯзи нуҳуми июл баъд аз маросими ҷинозаи ӯ дар Кашмир оғоз шуд ва ҳамчунон идома дорад.