Андешамандони ҷаҳони ислом хостори таъқиби кайфарии ҳомиёни терроризм шуданд
Ширкаткунандагон дар бисту ҳаштумин нишасти байналмиллалии Шуройи олии умури исломӣ дар Қоҳира бар зарурати таъқиби кайфарии режимҳои ҳомии терроризм таъкид карданд.
Ба гузориши хабаргузории байналмиллалии Қуръон (ИКНА), андешамандони мусулмони беш аз 50 кишвар дар ин нишаст бо унвони "саноати терроризм ва созу корҳои муқобила бо он" дар баёнияе муқобиила бо терроризмро зарурӣ хонданд.
Ширкаткунандагон дар нишасти Қоҳира бар лузуми эҷоди фазои муносиб барои нобудсозии гуруҳҳои террористӣ, эҷоди фазои байналмиллалӣ ба манзури пайгарди ҷиддӣ ва ҳақиқии ҳомиёни молӣ ва фикрии терроризм ва хушкондани манобеъи молии миллӣ ва байналмиллалии террористҳо таъкид карданд.
Тамаркуз бар баёни хатарҳои терроризм ва осори манфии он бар зиндагии мардум, фарҳангсозии муқовимат дар баробари терроризм, баҳрагирӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои муқобила бо ин падида ва посухгӯӣ ба иддаоҳои гуруҳҳои тундрав аз тариқи истидлоли саҳеҳ аз дигар нуктаҳои баёнияи нишасти байналмиллалии Шурои олии умури исломӣ дар Қоҳира буд.