Таблиғи аҷиб барои интишори фарҳанги эҳдои узви бадан
(last modified 2018-03-03T11:53:35+00:00 )
Март 03, 2018 16:53 Asia/Dushanbe
  • Таблиғи аҷиб барои интишори фарҳанги эҳдои узви бадан

Тоҷири бразилиёӣ барои интишори фарҳанги эҳдои узв ба равиши аҷибе даст зад ва мавриди таваҷҷуҳи бисёре аз корбарон қарор гирифт.

Ба гузориши “Спутник”, ин тоҷири бразилиёӣ мошини миллиардии худро дар замин дафн кард, то ба мардум ҳушдор диҳад, набояд чизҳои бо арзиши худ, монанди аъзои баднро дафн кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, бисёре аз мардум чизҳои бо арзиши худро монанди қалб ва куллия дафн мекунанд, дар ҳоле, ки бисёре аз мардуми дигар ба он ниёз доранд.

Бисёре аз корбарон бо истиқбол аз ин ҳаракат, мӯътақиданд, ҳаракати намодини ӯ бисёр ҷолиб буд; Аммо беҳтар буд, ки ба ҷои ин кор ба сурати воқеӣ, яке аз куллияҳои худро эҳдо мекард.