Тамдиди таҳримҳои Амрико алайҳи Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i30765-Тамдиди_таҳримҳои_Амрико_алайҳи_Русия
Давлати Амрико ҷумъа таҳримҳоеро, ки дар соли 2014 пас аз инзимоми шибҳҷазираи Қрим ба хоки Русия алайҳи ин кишвар вазъ карда буд, барои яксоли дигар то марти 2019 тамдид кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 03, 2018 17:56 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди таҳримҳои Амрико алайҳи Русия

Давлати Амрико ҷумъа таҳримҳоеро, ки дар соли 2014 пас аз инзимоми шибҳҷазираи Қрим ба хоки Русия алайҳи ин кишвар вазъ карда буд, барои яксоли дигар то марти 2019 тамдид кард.

Вазорат дороии Амрико дар 26 январ 2018 низ ду мақоми аршади Русия аз ҷумла муовини вазири энержии ин кишвар ва низ 19 нафар аз шаҳрвандони рус ва мақомҳои Донетск ва Луҳанск дар шарқи Украинаро таҳрим кард. 

Амрико аз 2014 ва бо рӯи кор омадани ғарбгароён дар Уукраина ва ҷудо шудани минтақаи Қрим аз ин кишвар ва вуқуи ҷанги дохилӣ дар шарқи Украина ба таҳрими ҳамаҷонибаи Русия аз ҷумла дар абъоди молӣ ва иқтисодӣ пардохтааст.

Тамдиди таҳримҳои Амрико алайҳи Русия нишон медиҳад, ки Вашингтон бар идомаи фишорҳо алайҳи Маскав ба баҳонаҳои мухталиф мусаммам аст.

Масоиле монанди илҳоқи шибҳҷазираи Қрим ба Русия ва дахолати Маскав дар буҳрони шарқи Украина ва аз ҳама муҳимтар масъалаи дахолат ва эъмоли нуфузи Маскав аз тариқи нуфузи сайберӣ дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико, баҳонаи таҳримҳои Русия аз соли 2014 токунун будааст.  

Бо ин ҳол, таҳримҳои якҷонба ва ҷадиди Амрико алайҳи Русия дар чорчуби қонуни Катса, ки ба баҳонаи нақш иддаоии Маскав дар фароянди интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 Амрико тасвиб ва ба иҷро даромадааст, мавриди ризояти Аврупо нест.

Иттиҳоди Аврупо зимни идомаи сиёсати таҳрими худ алайҳи Русия, хоҳони он аст, ки хати қирмизҳои он дар ин замина риоят шавад.   

Иқдоми Конгресс дар густариши таҳримҳо алайҳи Русия, ки албатта бо ҳамроҳии Кохи Сафед ҳамроҳ шуд, роҳро барои ҳаргуна кушоиши дар равобити дуҷониба бастааст.  

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мавриди таҳримҳо гуфтааст:

“Вазъи таҳрим алайҳи Русия, сиёсат муваффақе набудааст. Онҳо дар тазъифи қудрати низомии Русия ноком мондаанд”.  

Сергей Рогов, устоди улуми сиёсии русӣ муътақид аст, имрӯз ҷанги сарди ҷадиде байни Русия ва Амрико дар ҷарён аст.

Ба гуфтаи ва, ба рағми тадовуми сиёсати ташдиди фишор аз сӯи Амрико, нигоҳе ба собиқаи таомулоти байни Русия ва ғарб нишон медиҳад, ки русҳо на фақат дар муқобили фишорҳои ғарбиҳо муқовимат карда, балки бо иттихози иқдомоти мутақобил, таҳримҳоро аз таҳдид ба фурсат табдил кардаанд”.